Падару модарам аз ҳамдигар ҷудо шудаги ҳастанд.Онҳо никоҳи расми надоранд. Ман бо модарам зиндаги мекунам.Падарам вақте модари маро ба зани мегирад аз ин ҳодиса зани аввали падарам хабардор мешавад, ва зиндаги онҳо(падару модари ман) ҳамаги як моҳ давом мекунаду аз ҳам ҷудо мешаванд. Ва аз ин ҳодиса 23 сол гузашт ва ман хабаре ҳам надоштам ки падар дорам, мегуфтанд ки падарат аз дунё гузаштааст. лек ман нав огоҳ шудам ки падар дорам вале боре ҳам падарам маро суроғ накардааст.Бар замми ин ман ба фамилияи модарам ҳастам.Айни ҳол ман донишҷуам оё ман ҳаққи талаб кардани алиментро дорам?

Шарҳ манъ аст.