Мактаби ҳуқуқии тобистонаи «Ҳуқуқшиноси Ҷавон 2023»

Дар доираи лоиҳаи» Дастрасӣ ба адолат», ки аз ҷониби ташкилоти Ҳелветас Свисс Интеркооперейшн амалӣ карда мешавад, мактаби ҳуқуқии тобистонаи» Ҳуқуқшиноси Ҷавон 2023 » дар Шаҳри Хуҷанд, Вилояти Суғд ташкил карда шуд. Дар мактаби тобистона донишҷӯени факултети ҳуқуқшиносӣ аз чор донишгоҳ: донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, донишгоҳи миллии Тоҷикистон, донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиесати Тоҷикистон ва донишгоҳи Давлатии Данғара иштирок карданд. Мақсади асосии мактаби ҳуқуқии тобистона баланд бардоштани маърифати ҳуқуқшиносони ҷавони кишвар дар бораи системаи кӯмаки ҳуқуқии ройгон мебошад.

Ҳуқуқшиносони ҷавон мактаби ҳуқуқии якҳафтаинаи тобистонаро ки пур аз хотираҳои фаромӯшнашаванда, шиносоии нав, дониш ва таҷрибаи зиед буд бомуваффақият хатм карданд. Мактаби тобистона ба донишҷӯени факултетҳои ҳуқуқшиносӣ имкон дод, ки малакаҳои назариявӣ ва амалии худро дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла системаи кӯмаки ҳуқуқии ройгон такмил диҳанд ва онҳоро дар касби ояндаи худ истифода баранд.

Иштирокчиени мактаби тобистона қайд карданд, ки ин барои онҳо имконияти хубест барои омӯхтани системаи кӯмаки ҳуқуқии ройгон ва инчунин рушди малакаҳои суханронӣ ва амалии онҳо.