Сафари Омӯзишӣ ба Узбекистон

Моҳи июли соли 2023 дар доираи лоиҳаи «Дастрасӣ ба Адолат», ки аз ҷониби Хельветас Свисс Интеркооперейшн амалӣ карда мешавад, сафари чаҳоррӯзаи омӯзишӣ ба Тошканд, Узабекистон ташкил карда шуд. Дар доираи ин барнома намояндагони лоиҳа дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи Такмили Ихтисоси Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Муассисаи Давлатии Маркази Ёрии Ҳуқуқӣ ба Узбекистон ташриф оварданд.

Дар доираи сафари омӯзишӣ иштирокчиен ба маркази таълими ҳуқуқшиносон ва Институти такмили ихтисоси Узбекистон ташриф оварданд. Иштирокчиен дар бораи имкониятҳои институт, усулҳо, захираҳои таълимӣ ва дигар воситаҳое, ки барои баланд бардоштани дониш ва малакаи ҳуқуқшиносон дар Институти такмили ихтисоси Узбекистон истифода мешаванд, маълумот гирифтанд. Ҳамчунин иштирокчиени сафари таълимӣ бо низоми ҳуқуқии Узбекистон ва татбиқи амалии он шинос шуданд.