Аз 10 то 12 – уми июли соли 2023 дар доираи лоиҳаи «Дастрасӣ ба Адолат», ки аз ҷониби ташкилоти Хелветас амалӣ карда мешавад, дар Душанбе барои ҳуқуқшиносони давлатӣ ва паралегалҳои Муассисаи Давлатии «Маркази Ёрии Ҳуқуқӣ»(МДМЁҲ) тренинги серӯза оид ба «Ҳуқуқи Манзил» гузаронида шуд. Мақсади ташкили ин тренингҳо баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқшиносони давлатӣ ва рушди малакаи онҳо дар ҳифзи самараноки ҳуқуқҳо дар соҳаи муносибатҳои ҳуқуқии манзил мебошад.
Дар давоми се рӯзи омӯзиш, иштирокчиен ҳам дар қисми назариявӣ ва ҳам амалии барнома фаъолона иштирок карда, дониш ва таҷрибаи нав ба даст оварданд. Иштирокчиен дар мубоҳисаҳо ва презентатсияҳои гурӯҳӣ оид ба масъалаҳои мубрам ба ҳуқуқҳои манзил ширкат варзиданд. Дар охири барномаи омӯзишӣ ба иштирокчиен барои иштироки фаъолона сертификатҳо супорида шуданд.