Машварати онлайн

Барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ аз рақами доимоамалкунандаи 3040 истифода баред (занг ройгон аст).

Ё Шумо метавонед аз шакли «СУОЛ ё МАШВАРАТ», ки дар поён овардашудааст, истифода баред.

Суол ё Машварати ҳуқуқӣ ниёз доред, метавонед шакли зеринро пур намуда ва ба мо равон намоед.

    Суолҳои бештар пешниҳодшуда

    Ворисон тибқи васиятнома ё аз рўи қонун шаҳрвандони дар лаҳзаи кушодани мерос зинда ва кўдакони ҳангоми зинда будани меросгузор дар батни модар ва баъди кушодани мерос, зинда таваллудшуда буда метавонанд. Инчунин тибқи васиятнома мумкин аст, шахсони ҳуқуқӣ ва давлат низ ворис бошанд.

    Меросгузор – ин шахси воқеии вафоткарда мебошад, ки моликият молу мулки ў ба мерос мегузарад.

    Мерос — ин хуқуқҳои молу мулкӣ ва ҳуқуқҳои ғайримолумулкии ба молу мулк вобастаи шахси фавтида, ки дар вақти дар ҳаёт будани ў тааллуқ дошт, ба ғайр аз ҳуқуқҳое, ки ба шахсияти меросгузор алоқаманд аст. Мисол, ҳуқуқи гирифтани алимент, унвон, нафақа ва ғайраҳо, ки маҳз ба шахсияти меросгузор вобаста аст, ба мерос намегузаранд.

    Меросгирӣ ин ба шахси дигар (ворисон) гузаштани ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва ғайримолумулкии шахси вафоткарда (меросгузор), ки ба ў то рўзи вафоташ тааллуқ дошт, эътироф мешавад.

    Мерос мумкин аст дар асоси васиятнома гузошта шавад. Дар ҳолати мавҷуд набудани васиятнома амволи меросгузор аз рўи қонун ба мерос мегузарад.

    Қабули мерос бо ягон шарт ё эзоҳот иҷозат дода намешавад, яъне ворис ҳуқуқ надорад, ки меросро бо ягон шарт қабул намояд.

    Ҳамаи мерос дар як вақт қабул карда мешавад, новобаста аз оне, ки кадом амвол дар вақти кабули мерос нишон дода шудааст. Ворис ҳуқуқ надорад, ки як қисми меросро қабул карда, аз қабули қисми дигараш даст кашад.

    Қонун ду роҳи қабули меросро пешбинӣ менамояд:
    1) Воқеан ба соҳибияти амволи меросӣ шурўъ кардан;
    2) Ба мақомоти нотариати маҳали кушода шудани мерос дар хусуси қабули мерос ариза додан.

    Воқеан ба соҳибияти амволи меросӣ шурўъ кардан маънои онро дорад, ки ворис доир ба нигоҳдории мерос хароҷотҳоро пардохт намуда ба соҳибияти амволи меросӣ шурўъ карда-аст. Дар ҳолате, ки ворис далели дар мўхлати муққараршуда воқеан идора кардани молу мулки меросиро пешниҳод кар-да натавонад, ё дар мўҳлати муқарраркардаи қонун ариза пешниҳод накунад, он гоҳ масъалаи мазкур танҳо бо тартиби суди баррасӣ мешавад.

    Ариза дар хусуси қабули мерос бояд дар муддати 6 моҳ аз рўзи кушодашавии мерос пешниҳод карда шавад. Вақти кушодашавии мерос рўзи вафоти меросгузор ё рўзи ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалномаи судӣ дар хусуси вафоткарда эълон доштани ў эътироф карда мешавад. Дар мўҳлати нишондодашудаи пешниҳоди ариза дар хусуси қабули мерос (шаш моҳ) инчунин бояд ариза дар бораи даст кашидан аз мерос пешниҳод карда шавад.

    Рўзи кушодашавии мерос ин рўзи вафоти меросгузор мебошад.

    Парвандаи мерос дар ҷои кушодашавии мерос оғоз карда мешавад. Ҷои кушодашавии мерос ҷои истиқомати охири меросгузор, агар ҷои истиқомати охири меросгузор номаълум бошад, пас ҷои ҷойгиршавии қисми асосии амволи меросӣ ба ҳисоб меравад. Чун қоида, ҷои кушодашавии мерос аз рўи ҳуҷҷатҳои мақомотҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ (иқтибос аз дафтари ҳавлӣ, маълумотнома аз ҷои истиқомат, дар бораи бақайдгирии меросгузор) муайян карда мешавад.

    Васиятнома ин иродаи ихтиёрии шаҳрванд оид ба ихтиёрдории ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва ғайримолумулкӣ дар ҳолати вафот карданаш мебошад, яъне шаҳрванд дар зиндагиаш ворисонашро худаш муайян карда метавонад. Ба ҳуқуқҳои ғайримолумулқӣ дохил мешаванд: ҳуқуқҳои муалифӣ, ҳуқуқи истифодабарии замин ва ғайра. Мисол, шаҳрванд метавонад, пурра ё қисман молу мулки то рўзи вафоташ тааллуқдошта, ва инчунин ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро, ки мутобиқи қонун ҳуқуқи истифодаи якумраро дорад ба шахси дилхоҳаш васият кунад.

    Васиятнома шахсан аз ҷониби меросгузор имзо карда мешавад. Мутобиқи қонун ҳангоми тартиб додани васиятнома новобаста аз дараҷаи саводнокӣ ва беморӣ иштироки шоҳиди интихобкардаи васияткунанда ҳатмӣ мебошад. Тасдиқ кардани васиятнома тавассути намояндагон иҷозат дода намешавад. Агар васияткунандаи васиятнома бо эътибори камбудиҳои ҷисмонӣ, беморӣ ва ё дигар сабабҳо натавонад васиятномаро бо дасти худ имзо кунад, пас он бо хоҳиши ў мумкин аст аз тарафи шаҳрванди дигар дар ҳузури нотариус ва худи васияткунанда имзо карда шавад. Дар ин вақт дар васиятнома нишон додани сабабҳое, ки бо эътибори онҳо васияткунанда натавонист ба васиятнома бо дасти худ имзо кунад, ҳатмӣ мебошад.

    Ҳангоми ба расмият даровардани васиятнома танҳо шиносномаи умумишаҳрвандии васияткунанда, шиносномаи шоҳид, инчунин рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА-и васияткунанда) зарур мебошад. Васиятнома мумкин аст нисбати ҳамаи амвол ё қисми муайяни он, инчунин бо нишон додани амволи аниқ, ки дар вақти тартиб додани васиятнома ба васияткунанда тааллуқ дошт ё ин ки тааллуқ надошт, тартиб дода шавад, зеро аз васияткунандагон пешниҳоди далел оиди дахл доштани амволи васиятшаванда ба онҳо талаб карда намешавад. Яъне, васияткунанда метавонад ҳар кадом амволро васият кунад (онро дар васиятнома нишон диҳад), чунки тааллуқ доштани амволи васиятшаванда, ҳуқуқ ба он танҳо ҳангоми ба расмият даровардани ҳуқуқ ба мерос ба тариқи васиятнома тафтиш карда мешавад.

    Дар васиятнома мумкин аст инчунин ҳолатеро ба инобат гирифт, ки ворис (меросгиранда) пеш аз меросгузор вафот мекунад. Аз ин вазъият раҳо ёфтан мумкин аст, агар дар васиятнома дигар ворис низ таъин карда шавад. Ин маънои онро дорад, ки дар васиятнома ба ғайр аз вориси асосӣ вориси иловагӣ нишон дода мешавад, ки ў ба қабули мерос танҳо он вақт ҷалб карда мешавад, ки агар дар вақти вафоти меросгузор вориси асосӣ дар қайди ҳаёт мавҷуд набошад ва ё бо ягон сабаб ў аз мерос даст кашад.

    Меросгузор то вақти вафоти худ ҳар вақт метавонад васиятномаи худро таҷйир диҳад, бекор кунад ва ё васиятномаи нав тартиб диҳад. Барои ин ба ў зарур аст, ки ба идораи нотариалӣ муроҷиат карда васиятномаи навро тартиб диҳад ва ё ариза дар бораи бекор кардани васиятнома пешниҳод намояд. Васиятномаи охирон тартиб дода шуда васиятнома қаблан тартиб дода шударо ба пурра ва ё дар он қисме, ки ба васиятномаи охирон тартиб дода шуда мухолифат мекунад, бекор мекунад

    Дар ҳоле, ки меросгузор васиятнома намегузорад, пас мерос мутобиқи қонун қабул карда мешавад. Қонун навбати ворисонро муқаррар мекунад. Ворисони навбати аввал амволи шахси вафоткардаро ба ҳиссаи баробар ба мерос қабул менамоянд. Ворисони навбати дуюм ва сеюм ё дуюм танҳо он вақт ба қабули мерос ҷалб карда мешаванд, ки агар ягон вориси навбати аввал вуҷуд надошта бошад ва ҷайраҳо.

    Васияткунанда ҳуқуқ дорад ба ворис супориш диҳад, ки аз ҳисоби мерос ба манфиати духтараш ягон ўҳдадориро иҷро намояд, яъне пардохти ҳаққи таҳсили духтарашро иҷро намояд, лекин супориш дода наметавонад, ки автомашинаро фурўшад.

    Ҳангоми мавҷуд набудани васиятнома зан ҳуқуқ дорад меросро ба тариқи қонун қабул намояд. Мувофиқи қонун зан ба гурўҳи ворисони навбати аввал дохил мешавад ва бояд дар мўҳлати 6 моҳ пас аз вафоти шавҳараш ба идораи нотариалии ҷои кушодашавии мерос бо ариза дар хусуси додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқ ба мерос муроҷиат намояд.

    Ҳисса дар моликияти умумии муштараки зану шавҳар (ҳиссаи заношўӣ) дар он ҳолат ба вуҷуд меояд, агар амвол дар давраи заношўӣ ба даст оварда шуда бошад ва бо созишнома байни онҳо (аҳдномаи никоҳ) тартиби дигар нисбати амволи мазкур пешбинӣ нашуда бошад. Дар ин ҳолат ҳатто кор накардани яке аз ҳамсарон, ки масалан бо корҳои ҳоҷагӣ (хона) машғул буд, аҳамият надорад.

    Амволе, ки аз ҷониби яке аз ҳамсарон ҳамчун моликияти шахсӣ ба даст оварда шудааст (масалан, ба мерос ё ҳамчун ҳадя қабул карда шудааст) моликияти умумии муштараки зану шавҳар ба ҳисоб намеравад.

    Андозаи ҳиссаи ҳамсар 1/2 (аз ду як қисми) ҳиссаро дар ҳуқуқи моликият ба ҳамаи амволе, ки ҳамсарон дар давраи заношўӣ ба даст оварда буданд, ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, ҳангоми муайян намудани ҳисса аз амволи умумии муштараки зану шавҳар ҳиссаи онҳо баробар мебошад, агар бо созишнома байни онҳо (масалан, аҳдномаи никоҳ) тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

    Барасмиятдарории ҳуқуқ ба амволи меросӣ ба тариқи нотариали сурат мегирад.

    Ҳуқуқ ба мерос аз тарафи мақомотҳои нотариалӣ ба расмият дароварда мешавад.

    Мерос бо тартиби зайл ба расмият дароварда мешавад:

    1. Кушодашавии парвандаи мерос дар идораи нотариалӣ;

    2. Ба расмиятдарории бевоситаи ҳуқуқ ба мерос, дода шудани Шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқ ба мерос.

    Ҳуқуқ ба мерос аз тарафи мақомотҳои нотариалӣ ба расмият дароварда мешавад.

    Мерос бо тартиби зайл ба расмият дароварда мешавад:

    1. Кушодашавии парвандаи мерос дар идораи нотариалӣ;

    2. Ба расмиятдарории бевоситаи ҳуқуқ ба мерос, дода шудани Шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқ ба мерос.

    24. Савол: Барои ба расмият даровардани ҳуқуқ ба мерос чӣ гуна ҳуҷҷатҳо зарур мебошанд?

    Қонунгузории ҷорӣ номгўи мушаххаси ҳуҷҷатқоро барои ба расмият даровардани хуқуқ ба мерос муайян намекунад. Дар таҷриба бошад, барои кушодани мерос бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кард:

    1. Шиносномаи умимишаҳрвандии ворис;

    2. Ариза дар бораи қабули мерос (даст кашидан аз мерос);

    3. Шаҳодатнома да бораи вафоти меросгузор;

    4. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи кушодашавии мерос (чун қоида, иқтибос аз давтари ҳавлидорӣ, маълумотнома дар бораи бақайдгирӣ/аз ҷои истиқомат ва ё дигар ҳуҷҷат);

    5. Ҳуҷҷате, ки ба аризакунанда барои ба расмият даровардани мерос пас аз вафоти меросгузор ҳуқуқ медиҳад:

    — ҳангоми қабули мерос мутобиқи қонун – ҳуҷҷат дар бо-раи муносибатҳои хешутаборӣ (масалан, шаҳодатномаи дар бораи таваллуд, шаҳодатномаи қайди никоҳ ва гайраҳо)

    — ҳангоми қабули мерос ба тариқи васиятнома – васиятнома бо қайди ҳолате, ки васиятнома таҷйир ва ё бекор карда нашудааст.

    Ҳуҷҷатҳои дар боло номбаршударо ҷамъ оварда ворис онҳоро ба нотариус месупорад, ки пас аз он нотариус парвандаи меросиро оғоз мекунад.

    Муносибати хешутаборӣ асосан бо шаҳодатномаи таваллуд, шаҳодатномаи никох, шаҳодатномаи муқаррар кардани падарӣ, дар бораи фарзандхонӣ ва ғайраҳо, ки аз тарафи мақомоти сабти ҳолати шахрванди (САҲШ), ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дода шудаанд, тасдиқ карда мешаванд. Дар ҳолати мавҷуд набудани чунин ҳуччатхо, муносибати хешу таборӣ бо тартиби судӣ муқаррар карда мешавад.

    Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ба ворисон гузаштани ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва ғайримолумулкии меросгузор ин «шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқ ба мерос», ки аз ҷониби нотариус тасдиқ карда мешавад, мебошад. Шаҳодатномаи мазкур аз рўзи дода шудан амал мекунад. Агар меросро шаҳрванди ноболиғ қабул намояд, пас нусхаи шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқ ба мерос ба мақомоти васоят ва парасторӣ барои бақайдгирии ҳиссаи вориси ноболиғ фиристода мешавад, ки дар ин бора дар шаҳодатномаи додашаванда ишора карда мешавад.

    Шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқ ба мерос, чун қоида, пас аз гузаштани мўҳлати 6 моҳа аз рўзи кушодашавии мерос дода мешавад. Танҳо он ҳолате истисно шуда метавонад, ки агар дар бораи вуҷуд набудани дигар ворисон дар идораи нотариалӣ далелҳои кофӣ мавҷуд бошанд.

    Ҳамчун вориси ношоиста шаҳрвандоне эътироф карда мешаванд, ки амали онҳо дар вақти дар қайди ҳаёт будани меросгузор ба мухолифи меросгузор ва ё кадоме аз ворисони ў равона карда шуда буд. Инчунин ворисон аз қабули мерос дур карда шуданашон мумкин аст, агар кирдори онҳо ба муқобили амалӣ шудани нияти охирини меросгузор, ки дар васиятнома дарҷ гардида буд, ва ё барои зиёд кардани ҳиссаи мероси ба онҳо ва ё дигар ворисон марбута равона карда шуда бошад. Ҳолатҳои мазкур ба тартиби судӣ тасдиқи худро талаб мекунанд.

    Амволи меросиро ба таври зайл тақсим кардан мумкин аст:
    — шахсан аз ҷониби меросгузор бо роҳи тартиб додани васиятнома;
    — баъд аз қабули мерос ва дода шудани Шаҳодатнома

    дар бораи ҳуқуқ ба мерос тақсим намудани ҳамаи амвол ба ҳиссаҳо дар байни ворисон бо роҳи тартиб додани Созишнома дар бораи тақсими амволи меросӣ.

    Ба ҳиссаи ҳатмии мерос новобаста аз васиятномаи тартиб-додашуда шахсони зерин ҳақ доранд: кўдакони ба балоғат нарасида ва ғайри қобили меҳнати васиятгар, ҳамчунин падару модар (падархонду модархонд) ва ҳамсари қайри қобили меҳнати васиятгар.

    Васиятномаро дар ҳолатҳои зерин зери баҳс қарор додан мумкин аст: Агар ҳангоми тасдиқи васиятнома шахсоне, ки шоҳид буда наметавонанд ва васиятномаро ба ҷои васияткунанда имзо карда наметавонанд ҷалб шуда бошанд, яъне нотариус, ҳамсар, фарзандон, падару модар, набераю абераи шахсе, ки нисбати вай васиятнома монда шудааст, ворисони қонунии васияткунанда; шаҳрвандоне, ки ғайриқобили амал мебошанд, шаҳрвандон ва шахсоне, ки васиятномаро хонда наметавонанд васиятномаро ҳамчун шоҳид ва ба ҷои васияткунанда имзо гузоранд ва дигар ҳолатҳо, мисол, санаи тасдиқи он дарҷ нашуда бошад, дуруст тартиб дода нашуда бошад, ва ғайра васиятномаро зери баҳс қарор додан мумкин аст.

    Мувофиқи қонунгузории ҷории меҳнатӣ музди маоши пардохтнашудаи коргар то вақти вафоти ў ба аъзоёни оилаи ў ё дигар шахсоне, ки хароҷоти дафни ўро ба ўҳда гирифтаанд, дар асоси талаби онҳо дода мешавад.

    Ворисе, ки ҳамроҳи меросгузор ба амволи тақсимнашаванда (масалан, автомобил) ҳуқуқи моликияти умумӣ дорад ва доимӣ ҳангоми дар қайди ҳаёт будани меросгузор аз он истифода мебурд, ҳангоми тақсими мерос барои қабули он дар шакли аслӣ аз ҳисоби ҳиссаи меросии худ ҳуқуқи бартарӣ дорад. Бояд дар хотир дошт, ки гирифтани амволи мерос аз ҷониби ягон ворис бо роҳи афзалиятнок ҳатман бо пардохти ҷуброн ба дигар ворисон ҳамроҳӣ карда мешавад, ки аз ҳисоби дигар амволи меросӣ ва ё маблағҳои шахсии худи ворис амалӣ карда мешавад.

    Не, намегузарад, зеро ба мерос танҳо он амволе мегузарад, ки ба меросгузор дар асоси қонун тааллуқ дорад, манзили истиқоматии худсарона сохташуда бошад ин гуна намебошад, чунки шахси сохтмони худсаронаро иҷро намуда ба он ҳуқуқи моликиятро пайдо намекунад.

    Пеш аз хама шахсоне, ки мехоханд ба кайди акди никох дароянд, бояд ба синну соли никохи расида бошанд, яъне ба 18 солаги. Ба ғайр аз ин, барои бастани ақди никоҳ шумо бояд ба мақомоти САҲШ пеш аз як моҳи қайди ақди никоҳи худ ариза пешниҳод намоед. Ариза аз тарафи мудири мақомоти САҲШ ба Шумо пешнишод карда мешавад, ки дар он хатман розигии ҳардутараф барои бастани ақди никох дарҷ гардидааст. Дар аризаи дуҷониба оид ба бастани ақди никоҳ Шумо бояд чунин маълумотҳоро пешниҳод намоед: ному насаби худ, номи падар; таърих ва ҷои таваллуд; сину сол; табаъият; миллат; ҷои истиқомат; интихоби насаб, ки баъд аз бастани ақди никоҳ ба шумо дода мешавад, маълумоти шиносномаи шумо. Шумо ва ҳамсари ояндаи шумо дар аризаи худ оиди бастани ақди никоҳи якҷояи шумо, имзо мегузоред. Барои бастани ақди никоҳ, Шумо бояд чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоед: шиносномаҳои худ, шаҳодатномаи бекоркунии ақди никош (агар чунин бошад), нусхаи шаҳодатномаи марги шамсар (агар чунин бошад) ва қарори суд оиди паст кардани синни никошӣ (агар чунин бошад).

    Дар моддаи 14 Кодекси Оилаи ҶТ ҳолатҳое, ки барои бастани ақди никоҳ монеа мегарданд батартиб муқаррар шудаанд ва аз он бармеояд, ки ақди никоҳ байни шахсони зерин манъ аст:

    — байни шахсоне, ки яке аз онҳо дар никоҳи дигари ба қайдгирифташуда қарор дошта бошад;

    — байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё бибӣ бо набераи худ);

    — байни бародарону хоҳарони айни ва ўгай ( ки аз як падар ё модаранд);

    — байни фарзандхондагон ва фарзандхондшудагон;

    — байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби бемории рўҳи ё сустақлиаш (ноқисулақлиаш) ғайри қобили амал эътироф кардааст;

    — байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби суиистифодаи нўшокиҳои спирти ё маводи нашъадор дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф намудааст.

    Қайди ақди никоҳ фақат дар ҳузури шахсоне, ки никоҳи худро ба кайд мегирад, амалӣ мегардад. Шумо метавонед қайди ақди никоҳатонро ба ягон вақти дигар, то сиҳатёбии арўсатон, мавқуф гузоред.

    Дар хусусе, ки шахсони никоҳшаванда ё яке аз онҳо ба мақомоти САҲШ бо сабаби беморӣ ё бо дигар сабаби узрнок омада наметавонанд, қайди давлатии ақди никоҳ дар хона, муассисаи тиббӣ ё дигар муассиса бо иштироки шахсони никоҳшаванда, амалӣ карда мешавад.

    Дар мавридҳои истисноӣ, бо будани сабабҳои узрнок (ба мисли ҳамилагии арўс, будани модаркалон дар дами марг, сафари писараш) қайди ақди нигоҳ пеш аз мўҳлат амалӣ карда мешавад.

    Муоинаи тиббии шахс, фақат бо розигии шахсоне, ки издивоҷ мекунанд, гузаронида мешавад. Ҳеҷ кас Шумо ва ё домодшавандаи шуморо барои гузаштани муоинаи тиббӣ маҷбур карда наметавонад. Дар ҳолати мазкур, Шумо метавонед аз ў хоҳиш кунед, ки аз муоинаи тиббии касалиҳои олоти таносул ё СПИД гузарад. Дар мавриди аз Шумо пинҳон намудани ҳамсаратон касалиҳои сирояткунандаи худ, никоҳи шумо бо қарори суд бекор дониста мешавад. Бе розигии домод (арўс) ҷамъи маълумот оиди вазъи саломатии ў манъ аст.

    Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки шуморо, бе хоҳиши шумо, ба никоҳ баромадан маҷбур созад. Никоҳ фақат бо хошиҳи ҳар ду тарафи издивоҷшаванда амалӣ мегардад. Дар дигар ҳолат, нисбати он нафароне, ки шуморо маҷбур месозанд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад.

    Не, ҳатмӣ нест, чунки ақди никоҳ байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди ҶТ зиндагонӣ менамоянд, (дар ҳолати Шумо бошад дар Федератсияи Руссия) дар намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа баста мешавад.

    Дар ҶТ фақат он никоҳе эътироф мешавад, ки дар мақомоти САҲШ ба қайди давлатӣ гирифта шуда бошад. Никоҳе, ки бо қоидаҳои диннӣ баста мешавад, ягон оқибати ҳуқуқӣ надорад. Дар ин никоҳ, молу мулки харида амалан ба он ҳамсаре таалуқ дорад, ки ба номаш гузаронида шудааст, ғайр аз хуқуқ ба фарзандоне, ки аз ин никоҳ ба дунё омадаанд.

    Дуюм, ҳамсар метавонад хуқуқӣ молу мулкии худро мав-риди баҳс қарор диҳад, ба шарте, ки ў исбот карда тавонад, ки дар мавриди хариди он мол саҳм гузоштааст.

    Чӣ хеле, ки таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, дар ин гуна ҳолатҳо ягона шахси озордида ин занҳое мебошанд, ки дар никоҳи мусалмоние, ки аз қайди никоҳи давлатӣ нагузаштаанд, қарор доранд ва дар натиҳа хуқуқ ба молу мулки якҷояро аз даст медиҳанд, зеро ба корҳои хоҷагӣ ва тарбияи фарзандон машғул мебошанд.

    Бале, шавҳари Шуморо барои дузанӣ ё бисёрзанӣ ба ҷавобгарӣ мекашанд, чунки ҳамхонагӣ бо ду ва ё зиёда занҳо бо бурдани хоҷагии якҷоя аз рўи қонун манъ аст. Ин амал ҷавобгарии ҷиноятиро ба вуҷуд меорад. Агар Шумо ё ягон нафари дигар омода бошед (парвандаҳои ҷиноятӣ дар ин ҳолат фақат бо аризаи яке аз ҳамсарон ё ҳамзистон оғоз мешавад), ба мақомоти прокуратура оиди ин воқеа ариза нависед, нисбати он мард парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Баъд аз гузаронидани тафтишоти пешакӣ, муфаттиш ҳуҷҷатҳоро ба суд равон менамояд, ки он дар навбати худ парвандаро омўхта, ба хулосае оиди гунаҳгорӣ ё бегуноҳии мард меояд. Агар суд ба хулосае ояд, ки ў чунин кирдорро содир кардааст, вобаста ба вазнинии гуноҳ, ҷавобгарӣ дар намуди ҷарима, корҳои ислоҳӣ ё ин, ки маҳдуд сохтани озодӣ ба мўҳлати на зиёда аз 5 сол муқарар карда мешавад.

    Бале, Шумо метавонед никоҳи худро ба қайд гиред, ҳатто дар вақти зиндагонии оилавиатон. Барои сабти никоҳи худ, Шумо бояд ба мақомоти минтақавии САҲШ дар ҷои зисти худ, муроҷиат намоед.

    Мувофиқи Кодекси оилаи ҶТ никоҳ, дар мавриди фавти яке аз ҳамсарон, бекор карда мешавад. Дар ин хусус Шумо метавонед бо дигар шахс, баъди пешниҳоди шаҳодатнома оиди вафоти шавҳаратон, ақди никоҳ бандед.

    Бале, мувофиқи қонунгузории оилавӣ никоҳе, ки маҷбуран ё ин, ки бо роҳи фиреб баста шудааст, метавон бо тарики тартиби судӣ, баъд аз пешниҳоди ариза аз тарафи ҷабрдида ё прокурор, ғайриқонунӣ ҳисобид. Инчунин никоҳ метавонад ғайриқонунӣ ҳисобида шавад, агар розигии дутарафа байни марду зане, ки ақди никоҳ мебанданд, набошад.

    Дар ҳолати шумо, ҷараёни бекор кардани ақди никоҳ бо тартиби судӣ амалӣ мегардад, чунки Шумо фарзанди ноболиғ доред. Барои ба тарики суди ҷудо шудан, шумо бояд аризаи даъвогӣ оиди бекоркунии ақди никоҳи худ, пешниҳод намоед. Якҷоя бо ариза, шумо бояд чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоед: нусхаи шиноснома, шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатнома оиди тавлиди фарзандон ва квитансия оиди пардохти боҷи давлатӣ. Никоҳе, ки дар мақомотҳои САҲШ бекор карда мешавад, баъд аз қайди давлатии он дар китоби сабти асноди ҳолати шаҳрвандҳӣ, агар дар мақомоти суд бошад, баъд аз ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалномаи суд оиди бекор кардани ақди никоҳ, бекоршуда ба ҳисоб меравад. (Моддаи 25 КО ҶТ).

    Шумо метавонед бо аризаи даъвогӣ оиди бекоркунии никоҳ ба мақомоти суди маҳали зисти худ ё шавҳаратон муроҷиат намоед (агар фарзандатон бо Шумо зиндагонӣ кунад). Бо аризаи даъвогии худ шумо бояд чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоед: нусхаи шиноснома, шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатнома оиди таваллуди фарзандон ва квитансияи пар-дохти боҷи давлатӣ ва боз бо ташаббуси судя, аз шумо маъ-лумотномаи ҷои истиқомат талаб карда мешавад. Дигар тараф бошад (ҳамсари мард ё зан), фақат розигии хаттии худро ба суд пешниҳод мекунад. Ҳалли масъалаи пардохти алимент низ дар баробари дида баромадани аризаи шумо оид ба бекор кардани никоҳи худ ё ин, ки бо роҳи додани аризаи даъвогии алоҳида ба суд оиди ситонидани алимент амалӣ мегардад.

    Шумо метавонед бо аризаи даъвогӣ оиди бекор кардани никоҳи худ, чӣ ба мақомоти суди маҳали зисти худ ё чӣ ба мақомоти суди маҳали зисти шавҳаратон, муроҷиат намоед. Дар баробари додани аризаи даъвогӣ, шумо бояд чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоед: нусхаи шиноснома, шаҳодатномаи ақди никоҳ (аслӣ), ва квитансия оиди пардохти боҷи давлатӣ. Дар чунин холат суд ба шумо мухлат барои оштишави аз 1 то 6 мох медихад. Агар дар ин мухлат шумо оштӣ нашавед суд никохи шуморо бекор менамояд.

    Интиқол ва таъмини барқро шабақаҳои барқи аз рӯи маҳалли ҷои зисти (ноҳия ё шаҳр) шаҳрванд  иҷро карда мешавад.

    Дар асоси Кодекси Меҳнати ҶТ:-

    Моддаи 7. Манъи табъиз дар муносибатoхои мехнати

    Хамаи шахрвандон ба мехнат хукуки  баробар доранд, табъиз дар муносибатхои мехнати манъ аст. Хама гуна фаркиятгузори, рох надодан, афзалият гузоштан ё рад кардан аз кабул ба кор катъи назар аз миллат, начод, чинс, забон, эъткоди дини, мавкеи сиёси, вазъи ичтимои, тахсил ва молу мулк, ки баробарии имкониятро дар мехнат халалдор мекунад, манъ аст.

    Шахсоне, ки дар муносибатхои мехнати худро табъизшуда мехисобанд, метавонанд ба суд мурочиат намоянд.

    Моддаи 139. Мукаррар намудани андозаи музди мехнати кормандон

    Андозаи музди мехнат бо мувофикаи байни корманд ва корфармо мукаррар карда мешавад. Музди мехнат камтар аз андозаи хадди акали мукаррарнамудаи давлат буда наметавонад ва бо ягон хадди аксар махдуд карда намешавад.

     

    Азбаски  Шумо соҳиби фарзандони ноболиғ ҳастед ва илова ба он худи Шумо ба бекорнамоии ақди никоҳ розӣ нестед аз ин рӯ ақди никоҳи Шумо дар асоси талаботи м.21 КО ҶТ бо тартиби судӣ бекор карда мешавад. Бо назардошти норозӣ будани Шумо ба бекор кардани ақди никоҳ суд дар асоси талаботи м.22 Кодекси оилаи ҶТ барои оштӣ шудани Шумо бо ҳамсаратон тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии парвандаро мавқуф гузошта ба ҳардуятон барои оштишавӣ то шаш моҳ мӯҳлат диҳад.  Азбаски ҳамсаратон ба суд аризаи даъвогиро оиди ситонидани алимент пешниҳод кардааст аз ин рӯ вай бояд ба ин аризааш дар асоси талаботи м.134 Кодекси мурофивии граждании ҶТ маълумотнома оиди музди меҳнати Шуморо замима намояд. Дар сурати гирифта натавонистани маълумотнома оиди музди меҳнат ҳамсаратон ҳуқуқ дорад ба суд дархост пешниҳод намояд. Дар асоси талаботи м.37 КМГ ҶТ Шумо метавонед ба аризаи даъвогии ҳамсаратон аризаи изҳори норозигӣ навишта далелҳои дахлдорро замима намоед.  Агар Шумо ва ҳамсаратон оиди ҷои истиқомати кӯдак ба мувофиқа оед пас метавонед кӯдакро таҳти тарбияи худ қарор диҳед. Дар сурати ба мувофиқа наомадан баҳси Шумо оиди ҷои истиқомати кӯдак дар асоси талаботи м.65 КО ҶТ бо тартиби судӣ ҳал карда мешавад.

    Дар асоси талаботи м.80 Кодекси оилаи ҶТ волидон вазифадоранд фарзандони ноболиғи худро таъмин намоянд.  Мутобиқи муқаррароти м.22 Кодекси граждании ҶТ синни балоғат ҳаждаҳсолагӣ муайян карда шудааст.  Агар волидон фарзандони ноболиғи худро таъмин накунанд маблағ барои таъмини онҳо алимент бо тартиби судӣ то ба синни балоғат, яъне ҳаждаҳсолагӣ ситонида мешавад.  Ба ғайр аз ин дар асоси талаботи м.85 КО ҶТ волидон вазифадоранд фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнати ба кӯмак эҳтиёҷманди худро таъмин намоянд. Бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок бештар аз се моҳ саркашӣ намудани падару модар аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ, ҳамчунин фарзандони ғайри қобили меҳнат, ки синнашон ба ҳаждаҳсолагњ расидааст боиси ҷавобгарии ҷиноятии пешбининамудаи м.177 Кодекси ҷиноятии ҶТ мегардад.

    Дар асоси талаботи м.34 Кодекси оилаи ҶТ молу мулке, ки зану шавҳар дар давраи заношӯӣ ҷамъ кардаанд моликияти муштараки онҳо ба ҳисоб меравад. Бояд қайд кард, ки ин меъёр нисбати зану шавҳаре татбиқ мегардад, ки ақди никоҳашон дар мақомоти САҲШ(ЗАГС) ба қайди давлатӣ гирифта шуда бошад. Агар дар давраи заношӯӣ ҳамсарон молу мулкро тариқи мерос ё ҳадя ба даст оранд  он моликияти ҳар кадоми онҳо ба ҳисоб меравад.

    Дар асоси талаботи м.67 Қонуни ҶТ <> шахси ба синни шонздаҳ расида ҳуқуқи иваз намудани ном, насаб ва номи падарро дорад.  Иваз намудани номи шахс тибқи Феҳристи номҳои миллӣ сурат мегирад. Шумо барои иваз намудани номи худ бояд ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷои истиқомататон муроҷиат намоед.  Аризаи шакли тасдиқшуда аз ҷониби мақомоти САҲШ ба Шумо барои пур кардан пешниҳод карда мешавад. Ба ариза бояд чунин ҳуҷҷатҳо замима карда шавад: зоднома, шиноснома, хатти никоҳ, маълумотнома, хислатнома, шаҳодатномаи таваллуди фарзандон, ду дона расм, тарҷумаи ҳол, баёнот.

    Мувофики моддаи 1174 КГ Чумхурии Точикистон  барои сохиб шудан ба мерос ворис хукук дорад онро кабул намояд. Хамон вакт аз тарафи мерос кабулгардида эътироф мешавад,ки агар у вокеан ба сохибияти амволи мероси шуруъ намояд ё вакте,ки у бу макомоти гнотариати махалли кушода шудани мерос,ариза дихад. Дар холати модар агар бо шавхараш никохи расми дошта бошад у хамчун меросхури навбати аввал меросро вокеан кабул намудааст.
    Хамаи фарзандон меросхурони навбати аввал ба шумор рафта ба амволи мероси хиссаи баробар доранд. Васияти дахонии падар оиди ба фарзанди хурди мондани хона ягон асоси конуни надорад.

    Дар холати хона ба номи хушдоман будан ва шавхар аз дуне гузаштан шумо хаки дар он манзил зиндагиро доред, аммо хукуки фурухтанро надоред дар холати нофахмихо (бахс) бошад аз тарафи суд дар хона маскун какрда мешавед. Дар  манзили истикоматие,ки бо ду фарзанд дар кайди манзили истикомати меистед,тибки талаботи моддаи 121, 122 КМ Чумхурии Точикистон хамчун аъзои оилаи молик хукуки зиндагони кардан доред.

    Дар холати шартномави кор кардан пеш аз мухлат бо хохиш худ аз кор равад корфармо дар холати зарар нарасонидан ба корхона хукуки талаби чаримаро надорад, агар зарар рассад чуброн менамояд.

    Тибки талаботи моддаи 41 Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон корманд хукук дорад ду хата пештар корфарморо ба тарики хатти огох намуда ,шартномаи мехнатиро,ки ба мухлати номуаян баста шудааст,бекор кунад. Баъди гузаштани мухлати огохи корманд хукук дорад корро катъ намояд,корфармо ухдадор астба корманд дафтарчаи мехнатиашро фавран тибки талаботикисми 5 моддаи 52 Кодекси мазкур супоридп,ба у хисоби кунад.

    Дар холати корхона бо таври расми аз фаъолият монда бошад шумо низ аз навбати манзил хорич мешавед. Шахрванд хукук дорад,ки баъди бархам хурдани корхона муан намояд,ки молу мулки корхона  ба кадом макомот гузашт ва минбаъд дар асоси аризаи ба он мурочиат намояд.

    Корхонаи номбар шуда маоши шуморо барои мохи июл но дуруст боз доштааст чун, ки  шумо як чан друз мохи август ба кор наомадед, корхона метавонист маоши Шуморо дар мохи август медошт бинобар ин сабаб шумо метавонед ба суд мурочиат намоед. Тибки талаботи моддаи 199 Кодекси мехнати ЧТ хукук дорад ба суд бо аризаи даъвоги оиди руёнидпани музди маош,мурочиат намояд. Макомоти прокуратуа хукук дорад,ки дар муддати як мох мурочиати шахрвандро барасси намуда дар доираи салохияти худ чорахои конуни андешад.