Дар васиятнома мумкин аст инчунин ҳолатеро ба инобат гирифт, ки ворис (меросгиранда) пеш аз меросгузор вафот мекунад. Аз ин вазъият раҳо ёфтан мумкин аст, агар дар васиятнома дигар ворис низ таъин карда шавад. Ин маънои онро дорад, ки дар васиятнома ба ғайр аз вориси асосӣ вориси иловагӣ нишон дода мешавад, ки ў ба қабули мерос танҳо он вақт ҷалб карда мешавад, ки агар дар вақти вафоти меросгузор вориси асосӣ дар қайди ҳаёт мавҷуд набошад ва ё бо ягон сабаб ў аз мерос даст кашад.
