Барои ба расмият даровардани ҳуқуқ ба мерос чӣ гуна ҳуҷҷатҳо зарур мебошанд?

Ҳуқуқ ба мерос аз тарафи мақомотҳои нотариалӣ ба расмият дароварда мешавад.

Мерос бо тартиби зайл ба расмият дароварда мешавад:

1. Кушодашавии парвандаи мерос дар идораи нотариалӣ;

2. Ба расмиятдарории бевоситаи ҳуқуқ ба мерос, дода шудани Шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқ ба мерос.

24. Савол: Барои ба расмият даровардани ҳуқуқ ба мерос чӣ гуна ҳуҷҷатҳо зарур мебошанд?

Қонунгузории ҷорӣ номгўи мушаххаси ҳуҷҷатқоро барои ба расмият даровардани хуқуқ ба мерос муайян намекунад. Дар таҷриба бошад, барои кушодани мерос бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кард:

1. Шиносномаи умимишаҳрвандии ворис;

2. Ариза дар бораи қабули мерос (даст кашидан аз мерос);

3. Шаҳодатнома да бораи вафоти меросгузор;

4. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи кушодашавии мерос (чун қоида, иқтибос аз давтари ҳавлидорӣ, маълумотнома дар бораи бақайдгирӣ/аз ҷои истиқомат ва ё дигар ҳуҷҷат);

5. Ҳуҷҷате, ки ба аризакунанда барои ба расмият даровардани мерос пас аз вафоти меросгузор ҳуқуқ медиҳад:

— ҳангоми қабули мерос мутобиқи қонун – ҳуҷҷат дар бо-раи муносибатҳои хешутаборӣ (масалан, шаҳодатномаи дар бораи таваллуд, шаҳодатномаи қайди никоҳ ва гайраҳо)

— ҳангоми қабули мерос ба тариқи васиятнома – васиятнома бо қайди ҳолате, ки васиятнома таҷйир ва ё бекор карда нашудааст.

Ҳуҷҷатҳои дар боло номбаршударо ҷамъ оварда ворис онҳоро ба нотариус месупорад, ки пас аз он нотариус парвандаи меросиро оғоз мекунад.