Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ба ворисон гузаштани ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва ғайримолумулкии меросгузор ин «шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқ ба мерос», ки аз ҷониби нотариус тасдиқ карда мешавад, мебошад. Шаҳодатномаи мазкур аз рўзи дода шудан амал мекунад. Агар меросро шаҳрванди ноболиғ қабул намояд, пас нусхаи шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқ ба мерос ба мақомоти васоят ва парасторӣ барои бақайдгирии ҳиссаи вориси ноболиғ фиристода мешавад, ки дар ин бора дар шаҳодатномаи додашаванда ишора карда мешавад.