Дар як фарзан чансум алимен месупоран дар конун чанд омадагияй

Конунгузор ба Шумо хукук додааст, ки мувофики талаби кисми 1 моддаи 83 Кодекси оилаи Чумхурии Точикистон, хангоми набудани созишномаи волидон дар хусуси пардохти алимент ба кўдакони ноболиг ва дар холате, ки агар падар ё модари алиментдиханда музди кор ва ё даромади дигари номунтазам ё тагйирёбанда дошта бошад, ё агар ин падар ё модар музди мехнату даромади дигарро пурра ё кисман дар шакли асл (натура) ё асъори хоричи гирад, инчунин хангоми нагирифтани музди мехнат ва (ё) даромади дигар, инчунин дар холатхои дигаре, ки ситонидани алимент вобаста аз хиссаи музди мехнат ва даромади дигари падар ё модар имконнопазир, мушкил ё манфиати яке аз тарафхоро мохиятан халалдор созад, суд метавонад андозаи алименти хармоха ситонидашавандаро ба маблаги устувор ва ё хамзамон дар шакли хисса (мутобики моддаи 81 хамин Кодекс) ва бо маблаги устувор муайян намояд.
Тибки моддаи 81 параграф 1 Хангоми мавчуд набудани созишнома дар хусуси пардохти алимент барои фарзандони ноболиг суд аз волидони онхо хар мох ба андозаи зерин алимент мерўёнанд барои як фарзанд чорьяк, барои ду фарзанд сеяк, барои се фарзанд ва зиёда аз он — нисфи музди мехнат ва даромади дигари волидон руенида мешавад.

Шарҳ манъ аст.