Доги суди барои махрум кардан аз хукуки падару модар асос буда наметавонад. Асос барои махрум кардан аз хукуки падару модар дар моддаи 69 Кодекси оилаи Чуххурии Точикистон нишон дода шудааст…
«Падару модар (яке аз онҳо) метавонанд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шаванд, агар онҳо:
аз иҷрои ӯҳдадориҳои падару модарӣ, аз ҷумла додани алимент қасдан саркашӣ кунанд;
— бе сабабҳои узрнок аз таваллудхона (таваллудгоҳ) ё муассисаи дигари тиббӣ ё тарбиявӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ё дигар муассисаҳои монанди он гирифтани фарзанди худро рад намоянд;
— аз ҳуқуқи падару модарии худ суиистифода намоянд;
— ба фарзандон муносибати бераҳмона кунанд, аз ҷумла нисбати онҳо зӯроварии ҷисмонӣ ё рӯҳиро раво бинанд, ба дахлнопазирии ҷинсии онҳо сӯиқасд намоянд;
— майзада ё нашъаманди ашаддӣ бошанд;
— бар зидди ҳаёт ва саломатии фарзандони худ ё саломатии ҳамсари худ қасдан ҷиноят содир карда бошанд»
Шарҳ манъ аст.