Кариб дах мох мешавад, ки ман дар хонаи волидонам хастам. Ман кудаки хурдсол дорам,ки хатто якуним сола нашудааст. Сабаби ба инчо омаданам бошад, чангчолхои беасоси шавхарам ва модараш мебошад. Ман аз у алиментпули ё чизи дигар талаб надорам. Танхо мехохам аз хукуки падари махрум карда шавад. Зеро медонам,ки аз у падар намебарояд. Хангоми дар хонааш буданамон низ ба фарзандаш ахамият намедод. Оё ин имконпазир аст?Ва ё баъди ба хонаи падари нав рафтани фарзанд дидорбини бо падари аслиаш манъ карда мешавад?

Барои махрум кардан аз хукуки падару модари сабаби асоснок лозим мебошад. Мувофики моддаи 69 Кодекси оилаи Чумхурии Точикистон «падару модар (аке аз онхо) метавонанд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шаванд, агар онҳо:

— аз  иҷрои ӯҳдадориҳои падару модарӣ, аз ҷумла додани алимент қасдан саркашӣ кунанд;

— бе сабабҳои узрнок аз таваллудхона (таваллудгоҳ) ё муассисаи дигари тиббӣ ё тарбиявӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ё дигар муассисаҳои монанди он  гирифтани фарзанди худро рад намоянд;

— аз ҳуқуқи  падару модарии худ  суиистифода намоянд;

— ба фарзандон муносибати бераҳмона кунанд, аз ҷумла нисбати онҳо зӯроварии ҷисмонӣ ё рӯҳиро раво бинанд, ба дахлнопазирии ҷинсии онҳо сӯиқасд намоянд;

— майзада ё нашъаманди ашаддӣ бошанд;

— бар зидди ҳаёт ва саломатии фарзандони худ ё саломатии ҳамсари худ қасдан ҷиноят содир карда бошанд.

Мувофики моддаи 61, кисми 1 КО ЧТ, падару модар нисбати фарзандонашон ҳуқуқу ӯҳдадориҳои баробар доранд (ҳуқуқи падару модар).

Тибки моддаи 66 КО ЧТ, падар ё модаре, ки аз фарзанд ҷудо зиндагӣ мекунад, барои муошират бо кӯдак ҳуқуқ дорад ва вазифадор аст дар тарбияи ӯ ва ҳалли масъалаи гирифтани таҳсилоти кӯдак иштирок намояд.

Падар ё модаре, ки фарзанд бо ӯ зиндагӣ мекунад, набояд монеи муоширати фарзанд бо падар ё модар бошад.

Волидон метавонанд дар хусуси тартиби татбики хукуку ухдадорихои худ, аз чониби падар е модаре, ки чудо зиндаги мекнанд, созишномаи хатти бандад.

Агар байни волидон бахс вучуд дошта бошад, бо талаби падару модар бахсро суд бо иштироки макомоти васояту парасторӣ,  ҳал менамояд