Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии давлат дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошад. Конститутсия истилоҳи лотинӣ буда, маънои он муқарраркунй ё тасдиқкуниро ифода менамояд. Ин ҳуҷҷатест, ки дар он иродаи мардум, шартҳо ва меъёрҳои асосии ташкили ҳаёти ҷамъият ва давлат муқаррар мегардад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ба тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Шарҳ манъ аст.