Ман аз оилам чудо шудам ва сохиби 3 фарзанд: 5,5-сола, 4,5-сола ва 2,5-сола хастам. Ман хак дорам 3-фарзандамро гирифтан ёки ягонташро, ман намехохам фарзандонам дар дасти модараш калон шаванд. Онхо дар азоб хастан. Ягон фарзандамро гирифта метавонам?

Тибки кисми 4-уми моддаи 65 Кодекси Оилаи Чумхурии Точикистон — чои  истикомати  кўдак дар сурати чудо зиндаги кардани волидон  бо мувофикаи байни онхо мукаррар карда мешавад.  Дар  сурати  набудани  мувофика,  бахси  волидонро  суд  дар  асоси  манфиати  кўдакон  ва бо  назардошти фикру хохиши онхо хал менамояд.  Зимнан суд  дилбастагии (мехри) кўдакро нисбат ба падар ё модар,  бародару хохарон, синну соли кўдак,  сифати маънави ва дигар сифатхои хосаи волидон, муносибате, ки байни  падар  ва модар ва кўдак мавчуд аст,  имконоти ба кўдак фарохам овардани шароити тарбия ва рушду камоли он (навъи  фаъолият,  низоми кори  волидон,  вазъи  модди  ва оилавии волидон ва чайраро) ба инобат  мегирад.
Бо дастрасии кисми 4-уми моддаи 65 Кодекси Оилаи Чумхурии Точикистон – яке аз волидайн хукук дорад ба суд бо талаботи даъвоги «Оиди мукарар намудани чои зисти фарзанд» мурочиат намояд.

Шарҳ манъ аст.