Ман бо шавҳарам зиёда аз 7 сол аст, ки бо ҳам зиндагӣ мекунем. Соҳиби 3 фарзанд ҳастем, аммо никоҳи мо ба қайд гирифта нашудааст. Баъд аз ин қадар соли зиндагии оилавӣ, мо метавонем никоҳи худро ба қайд гирем?

Бале, Шумо метавонед никоҳи худро ба қайд гиред, ҳатто дар вақти зиндагонии оилавиатон. Барои сабти никоҳи худ, Шумо бояд ба мақомоти минтақавии САҲШ дар ҷои зисти худ, муроҷиат намоед.

Category: Муомилаи оилавӣ