Ман мехохам барои бекор кардани акти никох ба кадом макомот мурочиат кунам

Дар боби 4-и Кодекси оилаи Чумхурии Точикистон пурра дар бораи катъи никох малумот дода шудааст. Мувофики моддаи 18-и Кодекси дар боло зикршуда чунин омадааст: «…Ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 21-24 ҳамин Кодекс ба  тартиби судӣ бекор карда мешавад.».

Моддаи 20 бошад, дар борааи баррасии баҳсҳое, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати  шаҳрвандӣ ҳангоми бекор кардани  ақди никоҳ дар байни зану шавҳар  ба миён меоянд, малумот медихад (тақсими молу мулки муштараки зану шавҳар, пардохти маблағ барои таъминоти зан ё шавҳари эҳтиёҷманди корношоям, баҳсҳо дар хусуси фарзандон ва гайра) низ ба тариқи судӣ баррасӣ мешаванд.