Дар асоси талаботи м.67 Қонуни ҶТ <> шахси ба синни шонздаҳ расида ҳуқуқи иваз намудани ном, насаб ва номи падарро дорад. Иваз намудани номи шахс тибқи Феҳристи номҳои миллӣ сурат мегирад. Шумо барои иваз намудани номи худ бояд ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷои истиқомататон муроҷиат намоед. Аризаи шакли тасдиқшуда аз ҷониби мақомоти САҲШ ба Шумо барои пур кардан пешниҳод карда мешавад. Ба ариза бояд чунин ҳуҷҷатҳо замима карда шавад: зоднома, шиноснома, хатти никоҳ, маълумотнома, хислатнома, шаҳодатномаи таваллуди фарзандон, ду дона расм, тарҷумаи ҳол, баёнот.
Шарҳ манъ аст.