Ман табиб ҳастам. Ба наздам ду зане муроҷиат карданд, яке калонсол, дигаре миëнасол. Гуфтанд, ки консултатсия лозим аст. Вақте, ки аз шикоятҳояшон пурсон шудам, онҳо гуфтанд, ки бемор ҳамроҳи онҳо нест ва аз рӯи навиштаҷоти рентген хулосаи худро гӯям. Ман пурсон шудам, ки бемор чӣ шикоят дорад. Вале онҳо дар ғазаб шуда гуфтанд, ки дар хулосаи акси рентгенӣ ҳамааш нависта шудааст. Ман рад кардам, ки бе дидани бемор ва акси рентгенӣ (ман осебшинос ҳастам) тавсия додан хато ва ҳатто номумкин аст. Лекин зани кӯҳансол аз ҷояш хеста ба ҳамроҳаш гуфт, ки ин табиб бесавод аст, илм надорад, биë меравем. Ҳар дуяшон аз ҷояшон бархоста нисбати ман суханҳои қабеҳ зада баромада рафтанд. Бо овози баланд дар роҳрави шӯъба маро дашном доданд. Аз ҷумла зани кӯҳансол маро якчанд маротиба ҳайвон гуфт, ҳамаи шумоëн порахур, ман ба вазорат шикоят мекунам гуфта аз насаби ман пурсон шуд. Дар назди ман ҳамкоронам низ ҳузур дошт. Дар чунин ҳолат ман ҳуқуки шахсии худ ва хилъати сафедро чӣ тавр бояд ҳимоя кунам?

A

Барои таъхкир, паст задании обу руи,  шахс метавонад бо ариза ба Шуъбаи корхои дохилии чои зист мурочиат намояд.