Ман 6 сол пеш оиладор шудам сохиби 2 фарзанд дорам боз ба фарзанди сеюмам хомиладор мебошам. Оё аз шавхарам чудо шуда метавонам? Барои чудо шудан чи хуччатхо лозим аст?

Тибки талаботи моддаи 21. Кодекси Оилаи Чумхурии Точикистон:
Никох аз тарафи суд дар сурати фарзандони ноболиг доштани зану шавхар, ба истиснои холатхои дар Конуни Чумхурии Точикистон  «Дар бораи бакайдгирии  давлатии  асноди  холати  шахрванди пешбинигардида ё дар сурати ба бекор кардани никох рози набудани зан ё шавхар,  бекор карда мешавад» (Конун аз 29.04.2006 № 183).
Никох ба тартиби суди, инчунин дар холатхое,  ки зан ё шавхар бо  вучуди  мухолиф  набуданашон  аз  бекор кардани никох дар макомоти сабти асноди холати шахрванди саркаши менамояд (ариза додан  намехохад ё  барои  сабти  бекор кардани никох хозир намешавад ва чайра),  бекор карда мешавад.
Бо дастрасии моддаи 21 Кодекси Оилаи ЧТ метавонед ба суд бо талаботхои даъвоги «Оиди бекор кардани акди никох» бо замима кардани нусхаи шиноснома, нусхаи шаходатномаи таввалуди фарзандон, агар акди никох бекор нашуда бошад  нусхаи шаходатномаи акди никох   хамрох намуда мурочиат намоед.

Шарҳ манъ аст.