Маълумот дар бораи никоҳи хешу табори диҳед

Тибки Фасли II акди никох ва катъи он дар моддаи 14 Кодекси оилаи Чумхурии Точикистон чунин омадаст:

«…Ақди никоҳ байни шахсони зерин манъ аст:

— байни шахсоне, ки   яке аз онҳо дар никоҳи дигари ба қайдгирифташуда  қарор дошта бошад;

— байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё бибӣ бо набераи худ) 

— байни бародарону хоҳарони айнӣ ва ӯгай ( ки аз як падар ё модаранд);

– байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар  

– байни тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян

– байни шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд 

– байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд 

— байни  фарзандхондагон  ва фарзандхондшудагон;

— байни шахсоне, ки суд  яке аз онҳоро бо сабаби бемории рӯҳӣ ё сустақлиаш (ноқисулақлиаш) ғайри қобили амал эътироф  кардааст;

— байни шахсоне, ки суд қобилияти амали яке аз онҳоро бо сабаби суиистеъмол намудан аз машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда маҳдуд намудааст..»

Шарҳ манъ аст.