Дар асоси талаботи м.34 Кодекси оилаи ҶТ молу мулке, ки зану шавҳар дар давраи заношӯӣ ҷамъ кардаанд моликияти муштараки онҳо ба ҳисоб меравад. Бояд қайд кард, ки ин меъёр нисбати зану шавҳаре татбиқ мегардад, ки ақди никоҳашон дар мақомоти САҲШ(ЗАГС) ба қайди давлатӣ гирифта шуда бошад. Агар дар давраи заношӯӣ ҳамсарон молу мулкро тариқи мерос ё ҳадя ба даст оранд он моликияти ҳар кадоми онҳо ба ҳисоб меравад.
Шарҳ манъ аст.