Оиди фарзанди ноболиг

Мутобики моддаи 32 Кодекси граждании ЧТ васояту парасторӣ барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ғайри қобили амал ва қобилияти пурраи амал надошта муқаррар мегардад. Васояту парастории ноболиғон ҳамчунин бо мақсади тарбияи онҳо муқаррар карда мешавад. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои марбутаи васиёну парасторонро Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Тибки моддаи 147 Кодекси оилаи ЧТ васояту парасторӣ барои кӯдакони ноболиғе, ки бе парастории падару модар мондаанд (моддаи 122 ҳамин Кодекс), бо мақсади таъминот, таълиму тарбия, инчунин барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо муқаррар карда мешавад. Васоят барои ноболиғони то синии чордаҳсола муқаррар карда мешавад. Парасторӣ барои ноболиғони аз чордаҳсола то ҳаждаҳсола муқаррар карда мешавад. Хангоми ба кудак таъин намудани васи е парастор бояд сифатхои шахсии васи (парастор), ба ичрои ухдадорихои васи кодир будани у, муносибатхои байни у ва шахси мухточи васоят е парастори, муносибати аъзои оилаи васи нисбат ба кудак, инчунин дар сурати имкон хохиши худи кудак ба инобат гирифта мешавад.

Шарҳ манъ аст.