Дар КОДЕКСИ ОИЛАИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН, Фасли 2 АКДИ НИКОХ ВА КАТЪИ ОН, Боби 3 ШАРТ ВА ТАРТИБИ БАСТАНИ АКДИ НИКОХ, моддаи 14 гуфта шудааст, ки дар кадом холатхо монеаи ахди никох метавонед гардед, ва байни кадом хешовандон акди никох мумкин нест:
— байни шахсоне, ки яке аз онхо дар никохи дигари ба кайдгирифташуда карор дошта бошад;
— байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё биби бо набераи худ);
— байни бародарону хохарони айни ва ўгай (ки аз як падар ё модаранд);
— байни фарзандони бародарон, хохарон, бародару хохар;
— байни таго ва чиян, амак ва бародарзода, хола ва хохарзода, амма ва чиян;
— байни шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд;
— байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббии хатми нагузаштаанд;
— байни фарзандхондагон ва фарзандхондшудагон;
— байни шахсоне, ки суд яке аз онхоро бо сабаби бемории рўхи ё сустаклиаш гайри кобили амал эътироф кардааст;
— байни шахсоне, ки суд кобилияти амали яке аз онхоро бо сабаби суиистеъмол намудан аз машруботи спирти, воситахои нашъадор, моддахои психотропи ва прекурсорхо ё дигар моддахои мадхушкунанда махдуд намудааст.
Дар сурати вайрон кардани шартхои дар моддахои 12 ва 14 хамин Кодекс, никох беэътибор дониста мешавад. Никохе, ки мачбури ё бо рохи фиреб баста шудааст, тибки аризаи чабрдида ё прокурор беэътибор дониста шуданаш мумкин аст. Никох аз чониби суд беэътибор дониста мешавад.
Шарҳ манъ аст.