Тибки Боби 4 Даъвати шахрвандон ба хизмати харби, моддаи 19 чунин гуфта шудаастЖ «Шаҳрванди ҷинси марди аз 18 то 27 — солаи дар қайд буда ё шаҳрванде, ки ӯҳдадор аст дар қайди ҳарбӣ бошад ва барои ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ надорад, бояд ба хизмати ҳарбӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ дар вазифаҳои ҳайати аскарон ва сержантҳо даъват карда шавад…»
Мувофики Боби I. моддаи 1 ухдадории умумии харби гуфта шудааст, ки аз ухдадории харби мардони аз 16-сола хурд ва аз 60-сола калон озод карда мешаванд.
Моддаи 20 конуни зерин нишон медихад, ки кадом шаҳрванд аз озод шудан аз хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ дорад:
а) онҳое, ки падар (модар) ё бародарашон (хоҳар) ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар асоси даъват ва бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои сержантҳо, прапоршикҳо ва афсарон ё дар давраи гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ҳалок шудааст ё вафот кардааст;
б) онҳое, ки дар оила писари (писархонди) ягона мебошанд.
Шарҳ манъ аст.