Мувофики Кодекси оилаи Чумхурии Точикистон, моддаи 13 синни никох, гуфта шудааст, ки ақди никоҳӣ аз ҳаждасолагӣ муқаррар карда мешавад. Дар базе холатхо суд ҳуқуқ дорад дар асоси хоҳиши шахсони никоҳшаванда синни никоҳи дар ҳамин модда барои марду зан муқарраршударо ба мӯҳлати на бештар аз як сол кам кунад. Бояд ариза тибқи тартиби пешбурди алоҳида, дар суди маҳалли истиқомати шахсе, ки синнаш кам карда мешавад, баррасӣ гардад.