Дар моддаи 14 Кодекси Оилаи ҶТ ҳолатҳое, ки барои бастани ақди никоҳ монеа мегарданд батартиб муқаррар шудаанд ва аз он бармеояд, ки ақди никоҳ байни шахсони зерин манъ аст:
— байни шахсоне, ки яке аз онҳо дар никоҳи дигари ба қайдгирифташуда қарор дошта бошад;
— байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё бибӣ бо набераи худ);
— байни бародарону хоҳарони айни ва ўгай ( ки аз як падар ё модаранд);
— байни фарзандхондагон ва фарзандхондшудагон;
— байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби бемории рўҳи ё сустақлиаш (ноқисулақлиаш) ғайри қобили амал эътироф кардааст;
— байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби суиистифодаи нўшокиҳои спирти ё маводи нашъадор дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф намудааст.
Category:
Муомилаи оилавӣ