Оё ҳуқуқ ба манзили истиқоматии худсарона сохташуда ба мерос мегузарад?

Не, намегузарад, зеро ба мерос танҳо он амволе мегузарад, ки ба меросгузор дар асоси қонун тааллуқ дорад, манзили истиқоматии худсарона сохташуда бошад ин гуна намебошад, чунки шахси сохтмони худсаронаро иҷро намуда ба он ҳуқуқи моликиятро пайдо намекунад.