Оë дастури мухтасар барои ронандагон ҳаст то ки ронандагон аз он истифода бурда ҳуқуқҳои худро донанд ва кормандони БДА хукукхои ронандагонро поймол накунанд

Тибқи талаботи фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 январи соли 2006, №1 «Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон» ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ вазифадор мебошад, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо шаҳрвандон хушмуомила бошад.
Кормандони Бозрасии давлатии автомобили зимни тафтиши ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ҳуқуқ доранд бағоҷи воситаи нақлиётро бо мақсади муайян кардани мавҷудияти таҷҳизотҳои зарурӣ (сандуқчаи тиббӣ, аломати садамавӣ ва оташхомушкунак) аз назар гузаронанд. Агар кормандони БДА бо шахрвандон дагалона муомила кунанд, Шумо метавонед ба телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21 ва е тарики раками (+992) 939 222 111 вайбер, вотсап, ИМО мурочиат намоед.

Шарҳ манъ аст.