Писари ман ба Руссия барои кор рафтааст ва ў мехоҳад, ки дар ҳамон ҷо бо шаҳрванди Тоҷикистон издивоҷ кунад. Баргаштани ў ба Тоҷикистон барои қайди ақди никоҳи худ зарур аст?

Не, ҳатмӣ нест, чунки ақди никоҳ байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди ҶТ зиндагонӣ менамоянд, (дар ҳолати Шумо бошад дар Федератсияи Руссия) дар намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа баста мешавад.

Category: Муомилаи оилавӣ