Салом алек ман ҳамсарамро сар додам ва вай онруз сирко (уксус) нушид манро ба модаи 109 ҷавобгар кадани ҳастан!

Мувофики м.109 Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон, се намуди харакатхои аз чониби шахс, ки боиси ба худкуши ва е суикасди худкуши расонидани чабрдида инхоянд: а) тахдид, б) муомилаи берахмона, в) пастзании мунтазами шаъну эътибори шахси чабрдида.
Чавобгари мутобики моддаи 109 КЧ ЧТ имконпазир аст, ки агар шахс бо истифодаи харакатхои гайриконунии худ шахси дигарро ба худкуши ва е суикасди худкуши расонад.
агар худкуши ва е суикасди худкуши аз тарафи ягон шахс карда шуда бошад, макомоти хифзи хукуки вазифадоранд, ки тафтишот гузаронанд. Барои ошкор намудани мавчудияти амалхои гайриконуни будан е набудани худкуши е суикасди худкуши расондан бояд амалхо гузаронда шавад. Агар шуморо дар моддаи 109 гумонбар карда бошанд, ба шумо хукукшинос (адвокат) лозим аст, ки хукукхоятонро химоя кунад.

Шарҳ манъ аст.