Салом ман мехохам аз шавхарам чудо шавам. Як писарчаи 1 сола дорам. Оё метонам хона талаб кунам бо писарам чудо зиндаги кунем?

Тибки талаботи моддаи 121-122  Кодекси Манзили Чумхурии Точикистон — аъзои оилаи  молик  хамсар   ва   фарзандони   хамрохашон   доими сукунатдошта  хисоб меёбанд.  Волидони зану шавхар ва фарзандони онхо, ки сохиби оилаи худ мебошанд ва  бо  молик  мукими  зиндаги  мекунанд, танхо бо розигии тарафхо метавонанд аъзои оилаи молик дониста шаванд.
Дар холатхои мустасно инчунин дигар ашхос,  ки  бо  молик  мукими истикомат  мекунанд  ва  бо ў хочагии умумиро пеш мебаранд,  чун аъзои оилаи молик шинохта мешаванд. Хўрандагони чайри кобили мехнат, агар бо молик мукими зиндаги кунанд, аъзои оилаи ў дониста мешаванд.
Бахсхо дар бораи аъзои оилаи молик донистани шахс ба тартиби суди хал карда мешавад.
Моддаи 122. Хукук ва вазифахои оила ва аъзои собики оилаи молик: Аъзои оилаи  молик,  ки  дар  бинои истикоматиаш (квартирааш) чойдода шудаанд,  хак  доранд баробари ў аз манзили истикоматии бино, агар  хангоми  чойгир  шудан  тартиби дигаре пешбини нашуда бошад,  истифода баранд.  Онхо хукук доранд,  ки дар хонаи барояшон  чудонамудаи  молик фарзандони  ноболиги  худро  чой диханд.  Чойгир кардани дигар аъзоёни оилаи онхо танхо бо розигии молик  имконпазир  аст.  Ин  ашхос  хукуки истифодаи хонаро дар мавриди катъ гардидани муносибати оилави бо молик  низ нигох дошта,  вале ўхдадоранд харочоти нигохдошти бино (квартира), рўи хавли ва таъмири асосиро пардозанд.
Бо дастрасии моддаи 121-122 Кодекси Манзили Чумхурии Точикистон  хукук дорад ба суд бо талаботхои  даъвоги  «Оиди эътироф намудани аъзои оилаи молик ва маскун намудан ба манзили истикомати» мурочиат намояд.

Шарҳ манъ аст.