Салом! Ман тулли 2 сол мешавад ки бо занам зиндагони намекунам. Мо сохиби як фарзанди 1.5 сола хастем. Ман чавобашро тарики мусалмони додаам вале у намехохад ки аризаи чудошавиро нависад ва ба суд барои маскун ва алимент ариза додааст. Тули 3 мох мешавад ки ман алимент месупорам. Оё ман хукуки оилаи нав барпо карданро дорам бо зани дигар мувофики конун ? Хангоми зани нав гирифтанам мазкун чи мешавад баски ман як хона дораму халос. Агар имконияташ бошад муфассалтар мефахмондед.

Мувофики моддаи 22 Кодекси оилавии ЧТ, дар сурати рози набудани зан ё шавхар барои бекор кардани никох гуфта шудааст:

дар сурати рози набудани зан ё шавхар барои бекор кардани никох, суд барои ошти додани зану шавхар тадбирхо меандешад ва хукук дорад, ки баррасии парвандаро мавкуф гузошта, ба зану шавхар барои оштишави то шаш мох мўхлат дихад;

агар суд мукаррар намояд, ки зиндагии минбаъдаи якчояи зану шавхар ва нигох доштани оила имконнопазир гардидааст ва тадбирхои ошти додани зану шавхар натичаи дилхох надоданд, никох бекор карда мешавад….

Дар ин сурат, шумо метавонед оилаи нав барпо намоед.

Дар моддаи 70 Кодекси манзилии ЧТ, оиди кучонидани шахрвандон бе додани хонаи дигар ва дар кадом холатхо омадааст.

Дар хама холат, ин масъаларо шумо факат бо тарики суд хал карда метавонед.

Пешниҳоди фикру мулоҳиза

Ваш e-mail не будет опубликован.