Салом. Мо хонаамонро ба фуруш гузоштем. Баъдан харидор пайдо шуда, ба мо 1900 сомони залог дод. Аммо баъди чанд руз мо аз фурухтани хона даст кашидем. Хозир бошад мо мехохем бозпас залоги додаашонро дихем, лек харидор мегуяд шумо бояд дучанди ин маблагро дихед. Лутфан, Ба ман маслихат медодед. Ман бояд чи кор кунам. Каблан сипосгузорам

Аз руи м.409 кисми 2 Кодекси граждании ЧТ Шартнома дар бораи байъона, сарфи назар аз маблағи байъ, бояд дар шакли хаттӣ баста шавад. Мувофики м.410 Кодекси граждани ЧТ агар ӯҳдадории тарафҳо дар натиҷаи имконнопазирии иҷро (моддаи 448) қатъ ёбад, байъона бояд баргардонида шавад.
Агар барои иҷро нашудани шартнома тарафе, ки байъона додааст масъулият дошта бошад, байъона дар ихтиёри тарафи дигар мемонад. Агар барои иҷро нашудани шартнома тарафе ҷавобгар бошад, ки байъона гирифтааст, он бояд ба тарафи дигар маблағи дукаратаи байъонаро супорад.

Шарҳ манъ аст.