Дар асоси талаботи м.80 Кодекси оилаи ҶТ волидон вазифадоранд фарзандони ноболиғи худро таъмин намоянд. Мутобиқи муқаррароти м.22 Кодекси граждании ҶТ синни балоғат ҳаждаҳсолагӣ муайян карда шудааст. Агар волидон фарзандони ноболиғи худро таъмин накунанд маблағ барои таъмини онҳо алимент бо тартиби судӣ то ба синни балоғат, яъне ҳаждаҳсолагӣ ситонида мешавад. Ба ғайр аз ин дар асоси талаботи м.85 КО ҶТ волидон вазифадоранд фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнати ба кӯмак эҳтиёҷманди худро таъмин намоянд. Бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок бештар аз се моҳ саркашӣ намудани падару модар аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ, ҳамчунин фарзандони ғайри қобили меҳнат, ки синнашон ба ҳаждаҳсолагњ расидааст боиси ҷавобгарии ҷиноятии пешбининамудаи м.177 Кодекси ҷиноятии ҶТ мегардад.
Шарҳ манъ аст.