Чӣ тавр ва дар куҷо кушодашавии парвандаи мерос амалӣ карда мешавад?

Парвандаи мерос дар ҷои кушодашавии мерос оғоз карда мешавад. Ҷои кушодашавии мерос ҷои истиқомати охири меросгузор, агар ҷои истиқомати охири меросгузор номаълум бошад, пас ҷои ҷойгиршавии қисми асосии амволи меросӣ ба ҳисоб меравад. Чун қоида, ҷои кушодашавии мерос аз рўи ҳуҷҷатҳои мақомотҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ (иқтибос аз дафтари ҳавлӣ, маълумотнома аз ҷои истиқомат, дар бораи бақайдгирии меросгузор) муайян карда мешавад.