Чӣ тавр музди маоши аз ҷои кор пардохтнашудаи меросгузорро пас аз вафоти ў гирифтан мумкин аст?

Мувофиқи қонунгузории ҷории меҳнатӣ музди маоши пардохтнашудаи коргар то вақти вафоти ў ба аъзоёни оилаи ў ё дигар шахсоне, ки хароҷоти дафни ўро ба ўҳда гирифтаанд, дар асоси талаби онҳо дода мешавад.