Бале, шавҳари Шуморо барои дузанӣ ё бисёрзанӣ ба ҷавобгарӣ мекашанд, чунки ҳамхонагӣ бо ду ва ё зиёда занҳо бо бурдани хоҷагии якҷоя аз рўи қонун манъ аст. Ин амал ҷавобгарии ҷиноятиро ба вуҷуд меорад. Агар Шумо ё ягон нафари дигар омода бошед (парвандаҳои ҷиноятӣ дар ин ҳолат фақат бо аризаи яке аз ҳамсарон ё ҳамзистон оғоз мешавад), ба мақомоти прокуратура оиди ин воқеа ариза нависед, нисбати он мард парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Баъд аз гузаронидани тафтишоти пешакӣ, муфаттиш ҳуҷҷатҳоро ба суд равон менамояд, ки он дар навбати худ парвандаро омўхта, ба хулосае оиди гунаҳгорӣ ё бегуноҳии мард меояд. Агар суд ба хулосае ояд, ки ў чунин кирдорро содир кардааст, вобаста ба вазнинии гуноҳ, ҷавобгарӣ дар намуди ҷарима, корҳои ислоҳӣ ё ин, ки маҳдуд сохтани озодӣ ба мўҳлати на зиёда аз 5 сол муқарар карда мешавад.
Шавҳари ман дар никоҳи қонунӣ бо ман ва фарзандони ноболиғамон зиндагонӣ мекунем ва ғайр аз ин ў бо зани дигаре зиндагӣ мекунад, ки аз ў фарзанд дорад. Вай гоҳе ба хонаи мо ва гоҳе ба хонаи дигар оилааш меравад. Ман мехостам аз ў ҷудо шавам, аммо ў ба ман талоқ намедиҳад ва мехоҳад ҳамин ҳолатро нигоҳ дорад. Шавҳари маро дар асоси ҳам бо ман ва ҳам бо дигар оилааш зиндагӣ карданаш ба ҷавобгарӣ кашидан мумкин аст?
Category:
Муомилаи оилавӣ