Шахсро метавонанд кормандони милитсия барои надидани чинояти содиршуда барои додани баёнот мачбур кунанд

Мувофики моддаи 56 кисми 1 Кодекси мурофиаи чиноятии Чумхурии Точикистон, ба сифати шоҳид барои додани нишондод шахсе даъват карда мешавад, ки ба ў ягон ҳолати барои парвандаи ҷиноятӣ аҳамиятдошта маълум аст.
Саркашӣ кардани шоҳид ё ҷабрдида аз ҳозир шудан ба даъвати мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё ба суд ё нахостани додани нишондод, бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад (моддаи 352 кисми 1 Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон).