Агар шиноснома гум шуда бошад, мувофики Конуни ЧТ дар бораи хуччатхои тасдиккунандаи шахсият, Боби 4 моддаи 28 гуфта шудааст, ки дар кадом холат хуччатхои тасдиккунандаи шахсият иваз карда мешавад, аз он чумла :
« — гум кардан, дуздида шудан ё барои истифодаи минбаъда корношоям гардидани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият;».
Тибки моддаи 29 Конуни дар боло зикр карда шуда, параграфи 1 «Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ҳангоми гум кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ба мақомоти ваколатдори давлатӣ барои аз нав гирифтани онҳо муроҷиат менамоянд.»
Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ шахсан ё ба намояндаи қонунии ӯ, аз рӯзи пешниҳоди ариза дар мӯҳлатҳои зерин дода мешаванд:
— шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон – на дертар аз 15 рӯзи корӣ ва дар ҳолатҳои гузаронидани санҷишҳои иловагӣ — на дертар аз 30 рӯзи корӣ;
Шарҳ манъ аст.