Ҳангоми ба расмият даровардани васиятнома доштани чӣ гуна ҳуҷҷатҳо зарур мебошад? Оё дар вақти тартиб додани васиятнома мавҷуд будани амволро, ки дар васиятнома нишон дода мешавад, бо ҳуҷҷатҳо тасдиқ кардан зарур аст (ҳуқуқи соҳибмулкӣ нисбати манзили истиқоматӣ, бўстонсарой, замин)?

Ҳангоми ба расмият даровардани васиятнома танҳо шиносномаи умумишаҳрвандии васияткунанда, шиносномаи шоҳид, инчунин рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА-и васияткунанда) зарур мебошад. Васиятнома мумкин аст нисбати ҳамаи амвол ё қисми муайяни он, инчунин бо нишон додани амволи аниқ, ки дар вақти тартиб додани васиятнома ба васияткунанда тааллуқ дошт ё ин ки тааллуқ надошт, тартиб дода шавад, зеро аз васияткунандагон пешниҳоди далел оиди дахл доштани амволи васиятшаванда ба онҳо талаб карда намешавад. Яъне, васияткунанда метавонад ҳар кадом амволро васият кунад (онро дар васиятнома нишон диҳад), чунки тааллуқ доштани амволи васиятшаванда, ҳуқуқ ба он танҳо ҳангоми ба расмият даровардани ҳуқуқ ба мерос ба тариқи васиятнома тафтиш карда мешавад.