1. Салом алек як сол доштм! Ман истикомат кунандаи шахри Норак мебошам ва ман дар назди бозор яъне расти бозори савдо мекунам, андоз супоранда хастам чойи савдоям замонави мебошад чойгир шавии чой 2×2. М . Мебошад аз сабабе, ки дар дохили бозор чой нест ман дар расти бозори кор мекунам. Маро участковый минтакаи бозор аз чоям пеш кардан мехохад ва ман сохиби се фарзанд мебошам ва дигар чои кор надорам ва хостам Каме маълумот гирам, ки маро хукук доран пеш карданба о ё не? Ман суол кардам ба участковый, ки ман сохиби се фарзанд мебошам кучода ман кор кунам холо он, ки шумо маро аз ин чой пеш карда истодаен у мегуяд, ки инаш кори ту. Суоли маро хохиш дорам, ки чавобш ро гардонед!

Агар шумо дар чои маншуда нуктаи савдо дошта бошед, пас амали нозири минтакаи бозор дуруст мебошад.
Мувофики моддаи 640 кисми 1 Кодекси хукуквайронкунии маъмури ЧТ, барои дар ҷойҳои муқаррарнашуда фурӯхтани ҳама намуди мол, — ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. Дар наздикии роххои автомобилгард нуктахои савдо доштан мумкин нест. Мувофики моддаи 291 кисми 2 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии ЧТ дар шафати роҳ сохтан ва ташкил намудани ошхона, нуқтаҳои хизматрасонию савдо бе мувофиқа бо Бозрасии давлатии автомобилӣ, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ташкилотҳои минтақавии роҳ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Пешниҳоди фикру мулоҳиза

Ваш e-mail не будет опубликован.