Азбаски Шумо соҳиби фарзандони ноболиғ ҳастед ва илова ба он худи Шумо ба бекорнамоии ақди никоҳ розӣ нестед аз ин рӯ ақди никоҳи Шумо дар асоси талаботи м.21 КО ҶТ бо тартиби судӣ бекор карда мешавад. Бо назардошти норозӣ будани Шумо ба бекор кардани ақди никоҳ суд дар асоси талаботи м.22 Кодекси оилаи ҶТ барои оштӣ шудани Шумо бо ҳамсаратон тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии парвандаро мавқуф гузошта ба ҳардуятон барои оштишавӣ то шаш моҳ мӯҳлат диҳад. Азбаски ҳамсаратон ба суд аризаи даъвогиро оиди ситонидани алимент пешниҳод кардааст аз ин рӯ вай бояд ба ин аризааш дар асоси талаботи м.134 Кодекси мурофивии граждании ҶТ маълумотнома оиди музди меҳнати Шуморо замима намояд. Дар сурати гирифта натавонистани маълумотнома оиди музди меҳнат ҳамсаратон ҳуқуқ дорад ба суд дархост пешниҳод намояд. Дар асоси талаботи м.37 КМГ ҶТ Шумо метавонед ба аризаи даъвогии ҳамсаратон аризаи изҳори норозигӣ навишта далелҳои дахлдорро замима намоед. Агар Шумо ва ҳамсаратон оиди ҷои истиқомати кӯдак ба мувофиқа оед пас метавонед кӯдакро таҳти тарбияи худ қарор диҳед. Дар сурати ба мувофиқа наомадан баҳси Шумо оиди ҷои истиқомати кӯдак дар асоси талаботи м.65 КО ҶТ бо тартиби судӣ ҳал карда мешавад.
Шарҳ манъ аст.