4. Суд хукук дорад бе ризоги зан хати заксро чидо кунад? Маро мачбури аз хона берун кардан аммо ман зиндаги кардан мехохам шавахарам ба суд мурочиат кард ман да и холат чикор карда метонам токи акди никохам бекор нашавад ман сохиби як фарзанд

Мувофики моддаи 22 Кодекси оилаи Чумхурии Точикистон, дар холати норозӣ будани зан ё шавҳар барои бекор кардани акди никоҳ, суд барои оштӣ додани зану шавҳар тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки ба зану шавҳар барои оштишавӣ то шаш моҳ мӯҳлат диҳад. (ҚҶТ аз 20.03.08с, №382).
Агар суд муқаррар намояд, ки зиндагии минбаъдаи якҷояи зану шавҳар ва нигоҳ доштани оила имконнопазир гардидаааст ва тадбирҳои оштӣ додани зану шавҳар натиҷаи дилхоҳ надоданд, ақди никоҳ бекор карда мешавад.
Агар суд даъвои бекор кардани ақди никоҳро рад кунад, зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки баъди гузаштани се моҳи пас аз рад шудани даъво дар хусуси бекор кардани ақди никоҳ такроран бо аризаи даъво муроҷиат намоянд.

Шарҳ манъ аст.