Ман 20 сола ҳастам ва падару модарам бе хоҳиши ман маро маҷбур мекунанд ба он нафаре, ки ягон бор надидаам ба шавҳар бароям. Оё ман метавонам издивоҷро рад кунам?

Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки шуморо, бе хоҳиши шумо, ба никоҳ баромадан маҷбур созад. Никоҳ фақат бо хошиҳи ҳар ду тарафи издивоҷшаванда амалӣ мегардад. Дар дигар ҳолат, нисбати он нафароне, ки шуморо маҷбур месозанд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад.

Category: Муомилаи оилавӣ