Аз 17 то 19 – уми июли соли 2023 дар доираи лоиҳаи «Дастрасӣ ба Адолат», ки аз ҷониби ташкилоти Хелветас амалӣ карда мешавад, дар Душанбе барои ҳуқуқшиносони давлатӣ ва паралегалҳои Муассисаи Давлатии «Маркази Ёрии Ҳуқуқӣ»(МДМЁҲ) тренинги серӯза оид ба «Ҳуқуқи Андоз» гузаронида шуд. Мақсади ташкили ин тренингҳо баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқшиносони давлатӣ ва рушди малакаи онҳо дар соҳаи ҳуқуқҳои андоз мебошад.
Дар давоми се рӯзи омӯзиш, иштирокчиен ҳам дар қисми назариявӣ ва ҳам амалии барнома фаъолона иштирок карда, дониш ва таҷрибаи нав ба даст оварданд. Иштирокчиен дар мубоҳисаҳо ва презентатсияҳои гурӯҳӣ оид ба масъалаҳои мубрами вобаста ба ҳуқуқи андоз ширкат варзиданд. Иштирокчиен инчунин ба фаъолиятҳои амалӣ ба монанди ҳисоб кардани андозҳо дар ҳолатҳои гуногун тавассути ҳалли масъалаҳои марбут ба андозбандӣ ҷалб карда шуданд. Дар охири барномаи омӯзишӣ ба иштирокчиен барои иштироки фаъолона сертификатҳо супорида шуданд.