Идоракуни ва Сулҳ: дастрасӣ ба адолат
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолат» дар соли 2013 тавассути ҳамкори бо барномаи Рушди созмони милали муттаҳид ва дастгирии молиявии Раёсати Швейтсарӣ оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) оғоз ёфт.
Ҳадафи асосии лоиҳа ин баланд бардоштани дониши ҳуқуқии аҳоли тавассути хизматрасонии ҳуқуқӣ, мусоидат ба муколамаи сиёсӣ оид ба волоияти қонун ва таҳкими зарфияти намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Лоиҳа бо Вазорати адлия ва ташкилотҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ҳамкори намуда, дар татбиқи Консепсияи давлатии ёрии ҳуқуқии ройгон мусоидат менамояд.
Вазифаҳои асосии лоиҳа:
— Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии гурӯҳҳои осебпазир, хусусан ҷавонон ва занони деҳот.
— Расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон (аз ҷониби давлат) ба гурӯҳҳои осебпазир, хусусан ҷавонон ва занони деҳот.
— Беҳтар намудани дастрасӣ ба адолат тавассути муколамаи ҷамъиятӣ бо ҳукумати маҳаллӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор, ки ба посухҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани дастрасӣ ба адолат оварда мерасонанд.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ.
Дар доираи ин самт маъракаҳои иттилоотӣ барои баланд бардоштани огоҳии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии шаҳрвандон тавассути васоити ахбори чопӣ, радио ва телевизион, саҳифаҳои иҷтимоӣ дар Интернет, машваратҳои сайёр ва ҷаласаҳои иттилоотию ҳуқуқӣ гузаронида мешаванд.
Системаи ёрии ҳуқуқии ройгон.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, № 425 Консепсияи расонидани ёрии ҳуқукии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Консепсия) тасдиқ карда шуд, ки мақсади он фароҳам овардани заминаи таҳия ва такмили минбаъдаи системаи давлатии ёрии ҳуқуқии ройгон ва дастрас ба аҳолӣ мебошад. Татбиқи Консепсия озмоиш ва рушди системаи идоракунии ёрии ҳуқуқии ройгон ва озмоиши моделҳои гуногуни онро пешбинӣ мекунад.
Бо мақсади татбиқи Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Вазорати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ёрии ҳуқуқӣ таъсис дод. Дар доираи ин фаъолият, дар минтақаҳои ҷумҳурӣ бюроҳои давлатии ёрии ҳуқуқии ройгон кушода шудаанд, ки дар онҳо ҳар нафар метавонад ёрии ҳуқуқии ройгон гирад. Дар айни замон дар 34 шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 ҳуқуқштносони давлатӣ фаъолият мекунанд. Дар давраи фаъолияти бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ зиёда аз 60 ҳазор нафар ёрии ҳуқуқии ройгонро гирифтанд.
Дар айни замон, бюроҳои ёрии ҳуқукии ройгон дар шаҳру ноҳияҳои зерин фаъолият доранд: шаҳрҳои Шаҳринав, Ваҳдат, Нуробод, Тоҷикобод, Турсунзода, Рашт, Ҳисор, Файзобод, Рӯдакӣ, Панҷакент , н. Деваштич, Б.Ғафуров, ш. Конибодом, н. Ҷ. Расулов, н. Спитамен, ш. Исфара, н. Ашт, ш. Истаравшан, ш. Хуҷанд, ш. Гулистон, н. Ҷайҳун, н. Восеъ, ш. Ёвон, н. Дӯстӣ, ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ, Ховалинг, Муминобод, Қабодиён, ш. Данғара, ш. Хоруғ, н. Ванҷ. Дар соли 2020 бюроҳои ёрии ҳуқуқии ройгон кушода мешаванд: н. Айнӣ, н. Ҳамадонӣ ва шаҳри Душанбе.
Мониторинги иҷтимоӣ ва муколамаи ҷамъиятӣ
Бо мақсади тақвият додани иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муҳокима ва ҳалли масъалаҳои марбут ба дастраси ба адолат, инчунин баланд бардоштани дониш ва малакаи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҲЕЛВЕТАС бо дастгирии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди мусоидат ба мониторинги иҷтимоӣ ва гузаронидани мониторинги ҷамъиятиро дар соли 2017 оғоз намуд. Муколама бо мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар сатҳи маҳаллӣ дар масъалаи волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ дар ноҳияҳои Б. Ғафуров (ҷамоатҳо Ҳ.Усмонов ва Ёва) ва Ваҳдат (ҷамоатҳои Симиганҷ ва Ҷуянгарон), Деваштич (ҷамоатҳои Шаҳрак ва Яхтан) гузаронида шуд.
Солҳои 2018-2019 кор дар манотиқи зикргардида тавассути ҷорӣ намудани механизми мониторинг оид ба тавсияҳои ҳангоми муколама пешниҳодшуда, идома ёфт ва ҳамзамон ҲЕЛВЕТАС чунин равандро дар ноҳияҳои Восеъ (ҷамоатҳои Авазов ва Шаҳрак), Ёвон (ҷамоатҳои Шаҳрак ва Дахан) ва Спитамен (ҷамоатҳои Навкат ва Т. Улҷабоев) шурӯъ намуд. Бо назардошти он, ки яке аз ҳадафҳои муколама баланд бардоштани сифати пешниҳоди кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти ҳуқуқии давлатӣ дар доираи Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон мебошад, маҳалаҳои нави номбаршуда дар ноҳияҳои мазкур интихоб гардиданд. Ин қисмат ба мақомоти маҳаллӣ имкон медиҳад, ҷараёни ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонро ҳамоҳангсозӣ намуда, дар чорабиниҳои иттилоотӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон нисбати масъалаҳои ҳуқуқӣ бевосита иштирок кунанд.
Феълан , Лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолат» ин қисматро дар ҷамоатҳои вилоятҳои Суғд ва Хатлон татбиқ менамояд. Дар соли 2020 Лоиҳа бо назардошти манфиати тарафхои ҳавасманд ва самаранокии кори лоиҳа доираи фаъолияташро ба 12 ҷамоати дигар дар ду минтақа (ду ҷамоати иловагӣ дар ҳар як минтақа) густариш дод.
Мониторинги иҷтимоӣ чист
Мониторинги иҷтимоӣ — системаи давра ба давра ҷамъоварӣ, ҷамъбаст ва таҳлили маълумоти ҷамъоваришуда ва пешниҳоди маълумоти бадастомада барои қабули қарорҳои муштарак ба муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ», ки ба баланд бардоштани сифати ёрии ҳуқуқии бюроҳои ёрии ҳуқуқии ройгон равона шудааст, пешниҳод мегардад..
Муколамаи ҷамъиятӣ чист?
Муколамаи ҷамъиятӣ байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар сатҳи маҳаллӣ дар доираи лоиҳаи “Дастрасӣ ба адолати судӣ” платформае мебошад, ки дар заминаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва методӣ оид ба таълими ҳуқуқии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳукуматҳои ноҳия таъсис дода шудааст ва он барои муҳокимаи масъалаҳои муҳими дар раванди мониторинги иҷтимоӣ бо иштироки мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ошкоршуда пешбинӣ шудааст.
Дастовардҳои марҳалаи I-уми лоиҳа аз 2012–2016
- Таҳия ва қабули Консепсияи ёрии ҳуқуқии ройгон;
- Таъсис додани Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”;
- Таҳия ва татбиқи қонун дар бораи мақомоти адлия дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия
- Таъмини 16,612 маслиҳатҳои ҳуқуқии ройгон (74% зан);
- 226 парвандаи судӣ ва 305 медиатсияи муваффақ;
- Таъмини ёрии ҳуқуқии ройгон ба воситаи рақами телефони боварии 3040;
- Таҳияи сомонаи www.mmk.tj;
- 80,721 нафар (71% зан) дар ҷамъомадҳои ҳуқуқӣ ширкат варзиданд. Сатҳи шуурнокии иштироккунандагон то 51% зиёд шуд;
- Чор маъракаҳои иттилоотӣ-ҳуқуқӣ гузаронида шуданд;
- 106 барномаҳои радио ва 106 мақолаҳои ҳуқуқӣ омода шуданд;
- 30 наворҳои кӯтоҳи ҳуқуқӣ таввассути телевизион нишон дода шуданд;
- 1752 нафар аз маслиҳатҳои ҳуқуқии 97 нафар роҳбаладон баҳраманд шуданд.
Дастовардҳои марҳалаи II -уми лоиҳа аз 2016-2020
- 37 бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ таъсис гардиданд.
- Таъмини зиёда аз 60 ҳазор маслиҳатҳои ҳуқуқии ройгон.
- 17 857 нафар (81% зан) дар ҷамъомадҳои ҳуқуқӣ дар ноҳияҳою ҷамоятҳои фосилавӣ ширкат варзиданд.
- Сатҳи шуурнокии иштироккунандагон то 61% зиёд шуд.
- 3 форумҳои ҳуқуқӣ дар минтақаҳои мақсадноки лоиҳа баргузор карда шуданд.
- Таъсиси сомонаи иттилоотӣ-ҳуқуқӣ ва замимаи мобилии hukukiman.tj
- Таҳлил ва қабули Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030.
- Таъсиси сомонаи www.jamoat-online.tj барои гузаронидани мониторинги иҷтимоӣ ва муколамаи ҷамъиятӣ