Муносибатҳои оилавӣ — ин яке аз омилҳои асосӣ ҳам дар оила ва ҳам дар ҷамъият ба шумор мераванд.
Дар брошюраи мазкур зери мафҳуми «никоҳ» танҳо никоҳе дар назар дошта мешавад, ки мувофиқи қонунгузории оилавӣ дар мақомотҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.
Ин брошюра ба таваҷҷуҳи Шумо саволҳо ва ҷавобҳо ба масъалаҳое, ки дар муносибатҳои оилавӣ байни ҳамсарон, ки дар никоҳи қонунӣ ва ҳам никоҳи динӣ ба миён меоянд, пешкаш менамояд, аз он ҷумла оид ба шарт ва тартиби бастани ақди никоҳ, аҳдномаи никоҳ, қатъи никоҳ, ҳуқуқи молу мулкии зану шавҳар, ўҳдадории алиментдиҳии волидон ва фарзандон, тартиби пардохт ва ситонидани алимент, ўҳдадориҳои алиментдиҳии аъзои оила, ўҳдадориҳои алиментдиҳии аъзои дигари оила, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои волидон, муқаррар намудани аслу насаби фарзандон, васоят ва парастории ноболиғон, фарзандхондӣ, ҳуқуқҳои ҳамсарон ба манзил ва ғайра.
Аз ин сабаб саволҳои ҳуқуқие, ки муносибатҳои оилавиро ба танзим медароранд аҳамияти
махсус доранд. Дар брошюраи мазкур, Шумо метавонед бо саволҳои рузмаррае, ки диққати
шаҳрвандро ҷалб менамоянд ва бо он саволҳое, ки ба ҳуқуқшиносони Бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ медиҳанд шинос шавед ва дар охир Шумо метавонед бо намунаҳои аризаҳои даъвогии
гуногун шинос шавед.