Муомилаи оилавӣ

 

Муомилаи оилавӣ, чи муомилаи байни ҳамсарон, чи муомилаи байни волидайн ва фарзандон, яке аз ҷузъҳои асосии зиндагии
ҳар як инсон ҳисобида мешавад. Аз ҳамин лиҳоз, саволҳои ҳуқуқие, ки танзимкунандаи муносибатҳои оилавӣ ҳастанд, ба худ таваҷҷўҳи зиёдеро талаб мекунанд. Дар маводи таълимӣ-брошюраи мо Шумо метавонед ба он саволҳое, ки шаҳрвандон, дар бисёр мавридҳо, дар қабули ёрии ҳуқуқии ройгон ба мо медиҳанд, шинос шавед. Дар ин брошюра намунаҳои амалҳои зиндагӣ дарҷ гардидаанд ва дар охири он, Шумо метавонед бо намунаи ҳар гуна аризаҳои даъвогӣ шинос шавед. Бояд як чизро қайд кард, ки дар зери мафҳуми никоҳ, мо он никоҳеро дар назар дорем, ки дар мақомоти САҲШ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.

Шакли PDF